Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода бо кормандони нав ба фаъолият оғозкарда мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар асоси фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 70 нафар хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои гуногуни пурмасъули милитсияи шаҳри Душанбе таъйин гардида, ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд. Ба ин муносибат дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Раёсат, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода бо хатмкунандагони Академияи ВКД ҶТ, ки ба фаъолияти корӣ дар мақомоти корҳои дохилии пойтахт оғоз намудаанд, баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохурӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кормандони ҷавонро ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, волоияти қонун ва садоқату муҳаббат ба давлату миллати худ даъват намуда, таъкид кард, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа вазифаи пуршарафу пурмасъулият буда, он ба дӯши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гаштааст.
-Аз ин рӯ аз ҳар нафар корманди милитсия масъулияту сатҳи баланди иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад, — афзуд Шариф Назарзода.
Мавсуф ҳамчунин тазаккур дод, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи донишманду мутахассиси баландихтисос гардонидани ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ин самт як зумра барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Махсусан бо мақсади бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон қабул ва ба роҳ мондани сиёсати кадрии ҷавонон шоистаи таҳсин буда, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон дарак медиҳад. Ин аст, ки Президенти мамлакат пайваста зимни суханрониҳои худ ҷавононро ояндаи миллату давлат номида, онҳоро ба омӯзиши илму дониш талқин менамоянд».
Гуфта шуд, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксари кормандонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи донишу ҷаҳонбинии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Воқеан ҳамасола ҷавонони зиёде аз рӯи ихтисосҳои гуногун Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дар вазифаҳои пуршарафу пурмасъул ба фаъолияти корӣ шурӯъ мекунанд.
Дар хотимаи мулоқот Шариф Назарзода мутахассисони ҷавонро ба хушмуомилагӣ ва иҷрои сатҳи баланди фаъолияти хизматӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ ба омӯзишу такмили илму дониш машғул шаванд.








Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд






