Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ширкат варзид

Июль 7, 2021 16:24

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) мулоқоти маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Аснои мулоқот иштирокдорон атрофи мавзӯъҳои раванди сулҳи Афғонистон, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо чолишҳои амниятӣ, аҳаммияти таъмини дастҷамъонаи рушди устувори минтақа ва рафъи пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ перомуни натиҷаҳои конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки 30 марти соли 2021 дар Душанбе баргузор гардида буд, изҳори назар намуда, ба нақши боризи Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика ва амният миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид кард.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июль 7, 2021 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд