Сокинони ноҳияи Ашт низ туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-ро дастрас намуданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи ноҳия Ашти вилояти Суғд тақдим гардид. Сокинони ноҳия пас аз дастрас намудани китоби мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми чунин амали ватандӯстона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин туҳфаи гаронарзиши Сарвари давлатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, сардори Раёсати идоракунии буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Ашӯриён, сардори Раёсати коркарди маълумотҳои МД МКҲ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Ҳомидов, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шарифзода, Хайрулло Кабиров ва Абдуразоқ Ҷӯраев ба мардуми сарбаланди ноҳия супориданд.
Ҳайати меҳмононро муовини Раиси ноҳия оид ба масьалаҳои иҷтимоӣ — фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ Абдуллозода ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд.











Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






