ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июл, сешанбе, 201-юмин рӯзи соли 2021 аст

Июль 20, 2021 08:00

20 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони якчанд   вазорату идораҳо ва шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуданд.

***

9 сол қабл, 20 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Капитал» ба кор дароварда шуд, ки он ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр машғул аст.

20 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии шоҳмот.

***

Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Колумбия.

***

Дар Кипри Шимолӣ — Рӯзи сулҳ ва озодӣ.

 РӮЙДОДҲО:

20 июли соли 2012 нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки ҳамзамон узви доимии Маҷлиси миллӣ буд, барои саҳми арзандааш дар рушди ҳамкории байнипарлумонӣ бо медали ҷашнии тиллоии «МПА СНГ-20 лет» (20 –солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/) сарфароз гардонида шуд.

***

20 июли соли 2015 бахши форсии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар таҳияи нав дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол гардид.

***

6 сол пеш, 20 июли соли 2015 дар самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.

***

20 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии сеюми махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ таҳти унвони «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табии марбут ба об», ки дар қароргоҳи ин ниҳоди байналмилалӣ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1953 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исроил муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуданд.

***

19 июли соли 2003 дар Кения ҳавопаймои Африқои Ҷанубӣ бо сайёҳони амрикоӣ ба садама дучор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1940 маҷаллаи мусиқии Амрико «Billboard» аввалин рӯйхати сурудҳои машҳурро нашр намуд.

Июль 20, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маводҳои таҳлилӣ