ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июл, панҷшанбе, 203-умин рӯзи соли 2021 аст

Июль 22, 2021 08:00

22 июли соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

***

13 сол пеш, 22 июли соли 2008 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» суҳбат ороста буданд, ки дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳо зоҳир карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия ва роҳҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм ва саёҳат баррасӣ шуданд.

22 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Озарбойҷон- Рӯзи матбуоти миллӣ.

***

Дар Свазиленд- Рӯзи ҷомеа.

РӮЙДОДҲО:

22 июли соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб  дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ баррасӣ шуданд.

***

22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ Қонун «Дар бораи забон»- ро қабул намуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1927 дар Италия клуби футболи «Рома» таъсис ёфтааст.

***

75 сол муқаддам, 22 июли соли 1946 дар Британия додани нон ба таври реҷа роҳандозӣ гардид.

***

22 июли соли 1952 Ҷумҳурии Халқии Полша Конститутсияи худро қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1894 аввалин маротиба дар шаҳри Париж – пойтахти Франсия миёни мошинҳо сабқат баргузор гардид.

***

Соли 1998 дастаи ИМА рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштааст: варзишгарони амрикоӣ масофаи 400 метрро давоми  2 дақиқаю 54,2 сония паси сар намуданд.

Июль 22, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, якшанбе, 297-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, шанбе, 296- умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, ҷумъа, 295- умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, панҷшанбе, 294-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, чоршанбе, 293-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, сешанбе, 292-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, душанбе, 291-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, якшанбе, 290-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, шанбе, 289-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, ҷумъа, 288-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, панҷшанбе, 287-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, чоршанбе, 286-умин рӯзи соли 2021 аст