Умед Бобозода: Аксари муроҷиатҳои шаҳрвандон ба таври мусбат ҳал гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1088 (с.2020 — 1132) муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 227 (с.2020 — 250) муроҷиати хаттӣ ва 851 (с.2020 — 882) адад шифоҳӣ буданд. Дар ин бора имрӯз, 15 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба доирави васеи хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки имсол нисбат ба солҳои қаблӣ муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ин ё он масъала ба дастгоҳи марказӣ ва маҳаллӣ дар вилоятҳо зиёд ворид гардида, ба аксари онҳо посухҳои мусбат дода шуданд.
Ҳамзамон У. Бобозода иброз намуд, ки дар ин давра аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомот 9 мониторинг, 14 санҷиш ва 9 боздид гузаронида шуд.
Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ аз тарафи роҳбарияти мақомот ва кормандони дастгоҳи он бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ 4 суҳбату мулоқоти судманд анҷом дода шуд.








Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон






