Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе дар синни 80 — солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директории Театри намунавии миниатюрии «Оина» Абӯалӣ Муродов иттилоъ дод, ҷанозаи Убайдулло Раҷабов соати 17:00 доир гардида, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.
Убайдулло Раҷабов 20 марти 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина»-ро ба уҳда дошт.
Убайдулло Раҷабов хушбахтарин ҳунарманде буд, ки мардум ӯро дар рӯи саҳна меёбанду мепазиранд ва риштаи ихлосро ба домони ҳунари ӯ мепайвандад. Ба гуфти ҳамкоронаш, ӯ фидоии касби хеш буд ва тамоми ҳастиашро ба рушди театр ва рӯҳбаландии тамошобин бахшидааст.
Убайдулло Раҷабов ҳунарро не, балки ҳунар ӯро пайдо кард, ӯ тамошобинро не, тамошобин эшонро ёфт, мавсуф театрро не, баръакс, театр ӯро кашф кард. Нақшҳои офаридаи мавсуф такрор нашуданист, яъне Убайдулло Раҷаб ҳунарманди нотакрор аст.
АМИТ «Ховар» аз марги устоди ҳунар, шахсияти маҳбубу маъруфи Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум таъзия баён менамояд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






