Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон 187 ҷангии ҳаракати «Толибон»*-ро нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои миллии мудофиа ва амнияти Афғонистон дар 24 соати охир 187 ҷангии ҳаракати «Толибон»*-ро нобуд намуданд, хабар додааст имрӯз агентии иттилоотии Sputnik бо истинод ба Вазорати дифои Афғонистон.
Дар мақомот аниқ карданд, ки боз 112 террорист захмдор карда шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Афғонистон, ҚМ Афғонистон «дар музофоти Қунар, Лоҳур, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Фороб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписо амалиёти ҷангӣ гузарониданд».
Ҳамин тавр, дар музофоти Балх қисме аз қувваҳои мусаллаҳ аз толибон ноҳияи Калдорро, ки дар он шаҳри Хайратон ва Пули дӯстии аз ҷиҳати стратегӣ муҳиме, ки Афғонистон ва Узбекистонро мепайвандад, ҷойгиранд, зада гирифтанд (ДАР АКС).
Ба ғайр аз ин, ҳуҷумҳои толибон дар мавзеъҳои Дараи Фаррох Шоҳ ва Дараи Калон дар музофоти Каписо гардонида шуданд. Дар музофоти Фороб яке аз қумондонҳои гурӯҳи вазифааш махсуси толибон Қорӣ Ҳайятулло нобуд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл ҳавопаймоҳои Афғонистон ба ҷангиёни музофоти бо Тоҷикистон ҳамсарҳад ҳамла карданд. 12 террорист, аз ҷумла қумондони асосӣ Аҳзаруллоҳ ва қозии музофоти Тахор Мавлавӣ Собир, ки аз ҷониби толибон таъйин шуда буд, сахт ярадор шуданд.
АКС: central.asia-news.com
_________________________
*Ҳаракати «Толибон» ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти он дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо манъ аст.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






