Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон 187 ҷангии ҳаракати «Толибон»*-ро нобуд карданд

Июль 27, 2021 14:06

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои миллии мудофиа ва амнияти Афғонистон дар 24 соати охир 187 ҷангии ҳаракати «Толибон»*-ро нобуд намуданд, хабар додааст имрӯз агентии иттилоотии  Sputnik бо истинод ба Вазорати дифои Афғонистон.

Дар мақомот аниқ карданд, ки боз 112 террорист захмдор карда шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Афғонистон, ҚМ Афғонистон «дар музофоти Қунар, Лоҳур, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Фороб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписо амалиёти ҷангӣ гузарониданд».

Ҳамин тавр, дар музофоти Балх қисме аз қувваҳои мусаллаҳ аз толибон ноҳияи Калдорро, ки дар он шаҳри Хайратон ва Пули дӯстии аз ҷиҳати стратегӣ муҳиме, ки Афғонистон ва Узбекистонро мепайвандад,  ҷойгиранд, зада гирифтанд (ДАР АКС).

Ба ғайр аз ин, ҳуҷумҳои толибон дар мавзеъҳои Дараи Фаррох Шоҳ ва Дараи Калон дар музофоти Каписо гардонида шуданд. Дар музофоти Фороб яке аз қумондонҳои гурӯҳи вазифааш махсуси толибон Қорӣ Ҳайятулло нобуд карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл ҳавопаймоҳои Афғонистон ба ҷангиёни музофоти бо Тоҷикистон ҳамсарҳад ҳамла карданд. 12 террорист, аз ҷумла қумондони асосӣ Аҳзаруллоҳ ва қозии музофоти Тахор Мавлавӣ Собир, ки аз ҷониби толибон таъйин шуда буд,  сахт ярадор шуданд.

 

АКС: central.asia-news.com

_________________________

*Ҳаракати «Толибон» ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти он дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо манъ аст.

Июль 27, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст