Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувори Бонн иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ 6), ки дар доираи ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти унвони “Муколамаҳои муассир дар масоили об” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилоти умдаи аҳолии сайёра дар замони ҳамагирии Ковид-19 ва нақши обу беҳдошт дар он, суръат бахшидан ба раванди татбиқи ҲРУ 6, инчунин аҳамияти баргузории Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 таъкид кард.
С. Муҳриддин инчунин дар бораи қатъномаҳои СММ, ки ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ кардааст ва нақши боризи онҳо дар раванди татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби Рӯзномаи-2030 тавассути платформаи “Раванди оби Душанбе” изҳори назар кард.
Нишасти мазкур бо ибтикори Вазорати федералии муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ доир шуда, дар он намояндагони кишварҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалӣ атрофи иқдомҳои муштарак, таҷрибаи пешқадам дар самти татбиқи ҲРУ 6 ва раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мубодилаи афкор намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард






