Юсуф Раҳмон: Баррасии саривақтию холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон тариқи Интернет — қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ 100 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ гардид. Баррасии саривақтию пурра ва холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомот қарор гирифта, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ 576 нафар шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шуданд.
Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин мавсуф оид ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2021 иброз дошт, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо оид ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, сохти конститутсионӣ, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, риояи қонунгузорӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳою ташкилот, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус терроризм, экстремизм, коррупсия аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб меёбанд.
«Ба мақомот 23460 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1684 нафар шаҳрвандон барқарор карда шуданд. Дар маҷмӯъ, мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 3904 санҷиш гузаронид, ки аз натиҷаи онҳо 51765 санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, ба маблағи 477 млн. сомонӣ зарари аз қонунвайронкуниҳо расида барқарор карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 120 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин 2322 cap чорво дар асл барқарор карда, бештар аз 8928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 2299 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки аз онҳо 638 ададашон дар бораи кирдорҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои характери коррупсионӣ мебошанд»,- гуфт Юсуф Раҳмон.








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






