Дар Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати эмин мондани сокинон аз сироятёбӣ ба КОВИД-19 пурзӯр мегардад

Июль 6, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 06.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ситоди шаҳрӣ  оид ба  пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар пойтахти мамлакат корҳои фармондадиҳӣ  ҷиҳати эмин мондани сокинон аз ин беморӣ  пурзӯр  мегардад.

Аз ҷумла, имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои таъсисгардида дар  бозорчаи “Ҳайдариён”, Маркази савдои “Ганҷина”,  “Панҷшер”,  кӯчаву хиёбонҳои Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо сокинон мулоқоту суҳбатҳо доир гардид.

Зимни суҳбат  ба онҳо тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам  аз ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.

Ҳамчунин ба сокинон маслиҳат дода шуд, ки нисбат ба саломатии худу атрофиён бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондани худ ва наздиконашон аз ин бемории хатарноки сироятӣ  ба  марказҳои саломатии макони зисташон муроҷиат намуда, ваксина гиранд.

Бо қарори Ситоди шаҳрӣ дар чор ноҳияи пойтахт  гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам  ба хотири пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ бо  сокинону меҳмонони шаҳр корҳои фармондадиҳӣ  мебаранд.

Июль 6, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд