«ЗИ ҶӮЕ, КИ ХУРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК…». Экожурналистҳо соҳили дарёи Варзобро аз партовҳо тоза намуданд

Июль 31, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз нишондиҳандаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва  ҳифзи захираҳои об  дар шашмоҳаи   якуми имсол бармеояд, ки дар ин давра дар ноҳияи Варзоб нисбат ба 26 нафар сокини ноҳия санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи  беш аз 2 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ баста шудаанд.

Ин матлабро зимни  баргузории маҳфили навбатии  экожурналистон сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукуров баён дошт.

Мавсуф афзуд, ки соли 2018 дар ноҳияи Варзоб 30 санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 4 150 сомонӣ нисбат ба қонунвайронкуниҳо тартиб дода шуд. Ин омор соли 2019  30 санад,  соли 2020-  51 ва дар шаш моҳи соли равон 26 санади ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ташкил медиҳад.

Мутахассиси назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат меафзояд, ки сол аз сол ошкоркунии қонунвайронкунӣ дар соҳаи об, хусусан  дар ноҳияи Варзоб  меафзояд. Ин тамоюл бозгӯи он аст, ки сатҳи маърифати экологии бархе аз сокинон дар муносибат бо об ва ҳифзи он коста гардида, мебояд назорати давлатӣ  дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об на танҳо дар ноҳияи Варзоб, балки дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ пурзӯр карда шавад.

Тоҷикистон — ташаббускори ҳифзи  обу экология дар миқёси ҷаҳон

Исфандиёр Шукуров дар ҷараёни  маҳфили экожурналистӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ доир ба реҷаи дарёи Варзоб, ҳолати истифодаи об дар ҷумҳурӣ, қонунгузорӣ дар соҳаи об, нақши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор дар пешбурди назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, баргузории чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маълумот дода, гуфт, ки Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон дар масоили обу экология ҳамчун ташаббускор шинохта шудааст. Доир ба нақши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр намуд, ки Кумита дар ҷумҳурӣ мақоми ваколатдор оид ба назорат ва ҳифзи захираҳои обиро соҳиб аст. Соли 2016 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти об» ба имзо расид, ки он то соли 2026 идома меёбад. Бояд ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шаванд.

Дар доираи амалӣ намудани бандҳои Даҳсолаи байалмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  Исфандиёр Шукуров иброз дошт, ки имсол бо иштироки коршиносону олимони соҳа ҳамоишҳои илмӣ гузаронида шуданд, ки тавассути онҳо миёни олимону коршиносон табодули афкор сурат гирифт. Ҳамзамон мутахассиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  ҷумҳурӣ афзуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ ислоҳоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ  идома дорад.

То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон бояд пурра бо оби нӯшокии сифатан беҳтар таъмин шавад

Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  то соли 2030  интизор меравад, ки то соли 2030    аҳолии мамлакат 100 фоиз ё пурра бо оби нӯшокии сифатан беҳтар таъмин шавад. Обе,  ки тариқи пойгоҳҳои обкашӣ ва  иншооти обтозакунӣ тоза карда шуда, баъдан тавассути лӯлаҳо ба аҳолӣ интиқол дода мешавад.

Ҳамзамон хабарнигорони аъзои маҳфили экологӣ дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб  дар километри 21-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб дар аксияи «Тозагии соҳил» иштирок  ва  соҳилҳои дарёи Варзобро тоза намуданд. Дар доираи аксияи «Тозагии соҳил» аз соҳилҳои дарёи Варзоб дар километри 21 шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хуҷанд –Чаноқ беш аз 25 халта партов, ки асосан аз зарфҳои пластикии нӯшокиҳои ташнагишикан, халтаҳои селофанӣ ва дигар партовҳо иборат буданд, ҷамъоварӣ шуда,  ба партовгоҳи асосии ноҳия интиқол дода шуд. Онҳо бо ин амали некашон дар  ободонию тозагии ҳифзи муҳити зист, хусусан поксозии соҳили дарёи Варзоб саҳм гузоштанд.

Ҳадафи маҳфили экожурналистон, ки бо ибтикори  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст, баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологии намояндагони воситаҳои ахбори омма  ва воқеъбинонаю шаффоф  пешниҳод намудани маводи марбут ба муҳити зист дар ВАО мебошад.

Дарёи Варзоб

Бояд гуфт, ки дарёи Варзоб, ки шохоби рости дарёи Кофарниҳон мебошад, аз дарёи Зиддӣ сарчашма гирифта, ба он дарёи Сиёма  ва Майхӯра ҳамроҳ шуда,  баъдан номи дарёи  Варзобро мегирад. Баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Лучоб  ва омадан то наздикии пули хиёбони собиқ Путовский- ҳоло хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе он номи дарёи Душанберо гирифта, баъдан дар минтақаи Гулбутта, дар қисмати ҷануби пойтахт ба дарёи Кофарниҳон ҳамроҳ  мегардад. Дарозии дарё 71 км буда, ҳавзаи обиаш 1740 км кубиро ташкил медиҳад. Варзоб яке аз дарёҳои кӯҳиест, ки дар Тоҷикистон нақши муҳим дорад.  Тақрибан 45-48 фоизи аҳолии шаҳри Душанбе аз оби ин дарё истифода менамоянд. Яъне тавассути шабакаҳои обрасонӣ оби дарёи Варзоб безарар гардонида шуда, ба аҳолӣ интиқол дода мешавад.  Дар дохили  пойтахт аз болои дарёи Варзоб  7 пул, 1 пули роҳи оҳан ва 1 пули қубургузар сохта шудаанд. Дар ҷануби кишвар оби дарёи Варзоб, ки ба дарёи Кофарниҳон ҳамроҳ мешавад, дар ноҳияи Шаҳритус ба Амударё  ва баъдан ба баҳри Арал мерезад. Инчунин аз оби дарёи Варзоб кӯлҳои Варзоби боло  ва поён пур гардида, дар он силсиланеругоҳҳои барқи обии  Варзоб-1, Варзоб -2 ва Варзоб-3 бунёд карда шудаанд. Инчунин  Канали калони ирригатсиони Ҳисор аз оби дарёи Варзоб сарчашма мегирад, ки аз оби он на танҳо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, балки сокинон ва кишоварзони ноҳияҳои вилояти Сурхондарёи Узбекистон низ истифода мебаранд.

Мутаассифона, вақтҳои охир аз сабаби афзоиши аҳолӣ, зиёд гардидани  шумораи истроҳатгоҳҳо дар ду тарафи соҳили дарёи мазкур ва коста шудани сатҳи маърифати экологии бархе аз сокинони  ноҳия ва истироҳаткунандагон ба дарёи Варзоб таъсири  манфӣ мерасад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки  иддае аз сокинони маҳаллӣ ва истроҳаткунандагони ин минтақаи сайёҳӣ баъзе аз партовҳоро ба соҳилҳои дарё мерезанд ва  дар натиҷа дар соҳилҳои ин рӯди кӯҳӣ партовҳо ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ гардида, болои мавҷҳои дарё низ зарфҳои пластикӣ ва дигар ифлосиҳо шино мекунанд.

Хуб мешуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб миёни сокинон ва истироҳаткунандагон корҳои тарғиботию ташвиқотиро хусусан дар мавсими тобистон таҳким бахшида,  ҷоннок намоянд ва дар боло бурдани  маърифати экологии мардум, хусусан дар муносибат бо сарвати бебаҳои табиат -об ва тоза нигоҳ доштани он аз ҳар гуна партовҳо тадбирҳои муассир андешанд. Зеро аз ин дарё  беш аз 400 ҳазор нафар аҳолии пойтахт бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. Ва тозаву пок нигоҳ доштани оби дарёи Варзоб ва дигар дарёҳои кишвар, ки манбаи таъмини аҳолии мамлакат бо оби нӯшокӣ мебошанд, бояд барои ҳар фарди ватандӯст рисолати муқаддас бошад. Зеро бузурге фармудааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.

 

Марзия САИДЗОДА,
Душанбе-Варзоб –Душанбе

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд