Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 26, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода» аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.

Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ давоми камтар аз 1 сол бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Бинои таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 дар асоси роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода шуда, дар он барои хонандагони болаёқат муосиртарин шароит муҳайё карда шудааст.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагону наврасон ба солимгардонӣ майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст.

Масоҳати иншооти варзишӣ 621 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои баргузории машғулият бо хонандагон хеле мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимии ин даргоҳи маърифат ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамшуда барои насли наврас дар он иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода» 26.08.2021

Август 26, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар