Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дар шаҳри Турсунзода дидан намуданд

Август 26, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дидан намуданд.

Гармхонаи доимамалкунанда дар деҳоти ба номи Ҷура Раҳмон навбунёд буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар гармхона, ки масоҳати 0,54 гектарро ташкил медиҳад, ду навъи помидор ва ду навъи бодиринг кишт шуда, нашъунамои хуб доранд. Навъҳои помидори киштшуда «Замира» ва «Муалла», инчунин бодиринг «Орзу» ва «Ғайрат» мебошанд. Ҳосили интизории помидорро деҳқонон 600 ва бодирингро аз 400 то 500 сентнер пешбинӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии ҳосил аз гармхона нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гардида, беш аз се моҳ идома меёбад.

Зироат дар иншооти замонавӣ тариқи қатрагӣ обёрӣ мешавад. Технологияи обёрии қатрагӣ ба таври автоматӣ кор мекунад ва муҳлат, инчунин ҳаҷми об дар ҷӯя тавассути компютер идора карда мешавад. Ин низом, ки мутамарказ мебошад, аз чанд ҷониб ба манфиат аст. Аз як тараф об ва аз тарафи дигар неруи барқ сарфа мегардад. Барои обёрии зироат дар гармхона соҳибкор чоҳи амудӣ бунёд намудааст.

Бо бунёд гардидани гармхонаи замонавӣ дар шаҳри Турсунзода 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил боз чанд нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳосили аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» ба дастомада асосан дар бозори дохили мамлакат, аз ҷумла бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешавад ва хоҷагидорон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ низ сабзавот содир намоянд.

Дар гӯшаи дигари ҳудуди гармхона занону бонувони ҳунарманди шаҳри Турсунзода самбӯса, кулча, чаппотӣ ва дигар намуд маҳсулоти нонӣ омода намуда, ба маъраз гузоштанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари бунёди гармхона, ҳамчунин соҳибкор беш аз 2 километр роҳи деҳаи Ғайратро асфалтпӯш намудааст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба мардум изҳори сипос намуда, иқдомҳои созандаи ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои ҳар шахси ватандӯсту меҳанпараст ҳисобиданд.

Боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дар шаҳри Турсунзода 26.08.2021

Август 26, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ