ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи ҷашни бузурги миллӣ дар Лахш 221 иншооти гуногун бунёд мешаванд

Август 2, 2021 16:07

ЛАХШ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 221 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 156 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда  корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд.

Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Тавре дар нишасти матбуотии  ноҳияи Лахш зикр шуд, картошкапарварони ноҳия соли 2021 дар майдони умумии 5368 гектар картошка кишт намудаанд, ки 3150 гектари он  ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1027 гектар ба заминҳои президентӣ ва боқии он ба заминҳои наздиҳавлигӣ рост меояд. Ҳамчунин дар ин муддат дар майдони умумии 1506 гектар зироати ғалладонагӣ ва дар 202 гектар сабзавот кишт шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон баҳри дастгирии соҳибкорону картошкапарварон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон»,  шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 573 нафар 7 миллиону 96, 9 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудаанд. Аз ин шумора 4 миллиону 791, 2 ҳазор сомонӣ ба соҳаи картошкапарварӣ ва як миллиону 47,5 ҳазор сомонӣ  ба соҳаи чорводорӣ мансуб мебошад.

 

Акс  аз АМИТ «Ховар»

Август 2, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд