ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад, иттилоъ дод масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба АМИТ «Ховар».
Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» яке аз калонтарин иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Исфара мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Муассисаи нави таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 1600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Синфхонаҳои Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» бо тарҳи замонавӣ ва мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд.
Ҳамчунин дар он майдончаи варзишӣ ва толори машқии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти тамринӣ мавҷуданд.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара











35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






