Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор шуд

Август 16, 2021 18:29

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар нимаи якуми соли 2021 пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равона шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 16, 2021 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид