Ба муҳоҷирони меҳнатӣ 3 миллион рубли русӣ баргардонида шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /НИАТ «Ховар»/. Бо корбарии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират аз 6-9 августи соли 2021 дар ду навбат зиёда аз 3 миллион рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи маълумот, як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ (дар ҳайати 24 нафар) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият намуда, аз ҷониби корфамо маблағи музди меҳнати онҳо, ки 6200230 рубли русиро (930048 сомонӣ) ташкил медиҳад, пардохт карда нашудааст.
Дар натиҷаи корбарии намояндагӣ маълум гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонӣ бе қарордоди меҳнатӣ фаъолият намуда, музди меҳнати муҳоҷирон аз рӯи ба анҷом расонидани кор дар иншоот ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, вобаста ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуда, тавсия дода шуд, ки минбаъд зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд.
Дар маҷмӯъ, вобаста ба аризаи воридгардида дар муддати кӯтоҳ 450000 сомонӣ маблағи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо баргардонида шуда, маблағи боқимонда, ки 480048 сомониро ташкил медиҳад, тибқи тааҳҳуди корфармо дар муддати кӯтоҳтарин пардохт карда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






