Ба як оилаи аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб калиди хона супорида шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб хонаи истиқоматии навсохт туҳфа гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Калиди хонаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ба сокини маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб Давлатмо Абдуллоева супорид. Хонаи истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор муҷаҳҳаз гардидааст. Барои дар муддати кӯтоҳ ба истифода супоридани хонаи истиқоматӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардид.
Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, барои барқарорсозии иншооти аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб дар моҳи майи соли равон ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ сафарбар шуда буданд.
АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ










Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






