Дар Бадахшон 36 нафар иштирокчиёни даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Август 2, 2021 15:54

ХОРУҒ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз миёни зиёда аз 200 нафар довталабони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 нафарашон дар  номинаҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва бастакорӣ  ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, бо дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардонида шуданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, раиси вилоят Ёдгор Файзов дар маросими ҷамъбасти озмун иштирок намуда, барои ширкати фаъол дар баргузории озмун ба аҳли фарҳанг, ҳакамону довталабони озмуни вилоятӣ арзи сипос намуд. Мавсуф гуфт, ки «имрӯз бо чашми худ дидем, ки саъю талоши дастандаркорони озмун натиҷаи хуб ба бор овард. Зеро яке аз ҳадафҳои ин озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва рушди минбаъдаи малакаву маҳорати онҳо ба шумор меравад. Имрӯз мо  дар боғи санъат чеҳраҳои нав кашф намудем ва акнун вақти он расидааст, ки маҳорату малакаи касбиашонро такмил диҳем, барояшон беҳтарин намунаҳои оҳангу таронаҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлол, нақши Пешвои миллат дар эъмору таҳкими давлатдории навини тоҷиконро интихоб намуда, бо шаклу мазмуни наву ҷолиб манзури сокинони пойтахти кишвар гардонем. Ман умедворам, ки ғолибони даври вилоятӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо оҳангу таронаҳои ҷаззобу мафтункунанда дили ҳакамону тамошобинонро тасхир хоҳанд кард».

Ҳунарпешаи маъруфи ҷумҳурӣ, узви ҳайати ҳакамон Соҳиба Давлатшоева гуфт, ки  «Бадахшон бо ҳунару фарҳанги худ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон низ машҳур аст ва ҳунарнамоии имрӯзаи навниҳолони боғи санъат бори дигар ин гуфтаҳоро собит сохт. Маҳорату истеъдод, ғайрату лаёқати довталабони озмуни вилоятӣ моро ба ояндаи неки санъати пурғановати  мардуми кӯҳистон боз ҳам бештар хушбин месозад».

Дар маросими ҷамъбасти озмун  9 нафар ғолибон бо дипломи дараҷаи сеюм, 12 нафар бо дипломи дараҷаи дуюм ва 17 нафар бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида шуданд.

 

Акс аз АМИТ «Ховар»

Август 2, 2021 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид