Дар доираи саноатикунонӣ дар шаҳри Ҳисор 74 корхонаи саноатӣ фаъол гардиданд
ҲИСОР, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи саноатикунонии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар шаҳри Ҳисор 74 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои мазкур асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. То ин давра марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои ранга дар назди ҶДММ «Истеҳсоли турба ва профили тоҷик» бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли бомпӯши ҶДММ «Юсуфҷон-2020» бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ аз ҷониби ҶДММ «Импекс Компания» бо таъсиси 10 ҷойи кор, корхонаи коркарди санги ҶДММ «Авесто гурӯҳ» бо таъсиси 11 ҷойи кор ва корхонаи истихроҷи қуму шағали ҶДММ «Сарвати саноат» бо таъсиси 7 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.
Зикр шуд, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бунёди 866 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 722 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Бо ташаббуси сокинони шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 111 иншоот ва дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ 185 иншоот ба истифода дода шуданд.
Дар шаҳри Ҳисор соли 2021 Соли роҳҳои обод эълон шудааст. Дар ин асос аз ҳисоби буҷети шаҳр 200 тонна муми моеъ харидорӣ шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр беш аз 50 км роҳҳо мумфарш гардиданд.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






