Дар Кобул чархболи Русияро ғорат карданд

Август 26, 2021 11:41

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кобул шахсони номаълум як чархболи русиро, ки ширкати “ЮТэйр” идора мекунад, ғорат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти интиқолдиҳанда ба РБК. Ширкати ҳавопаймоии русии «ЮTэйр» ба манфиати намояндагиҳои башардӯстонаи СММ ба ҳамлу нақли ҳавоӣ дар Афғонистон машғул аст. Дар пасманзари бесарусомонӣ дар фурудгоҳи Кобул яке аз чархболҳои вай мавриди ғорат қарор гирифт. 

«17 август шахсони номаълум ба чархбол даромада, дар он ҷо контейнерро бо таҷҳизоти наҷотдиҳӣ кушоданд, ки дар он асбоб ва захираи дахлнопазири маҳсулоти ғизоӣ мавҷуд буд. Рӯйкаши дохилӣ низ осеб дидааст», — шарҳ дод намояндаи ширкат.

Ба гуфтаи ӯ, техникҳо аллакай мошинро ба тартиб оварда, корҳои заруриро барои таъмини парвоз анҷом додаанд.

«22 август чархбол ҳамроҳ бо тамоми ҳайати гурӯҳи ҳавоии “ЮТэйр” ба макони амн интиқол дода шуд», — хабар медиҳад дафтари матбуот.

Ба иттилои  Baza, чархболи ғоратшуда дар Кобул  Ми-8МТВ аст, ки қаблан барои СММ дар Сомалӣ кор мекард ва соли 2020 ба Афғонистон кӯчид.

Аз соли 1991 гурӯҳи “ЮТэйр” пудратчии СММ оид ба интиқоли борҳои башардӯстона тавассути чархбол буда, аз соли 2001 инҷониб калонтарин таъминкунандаи хидматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ барои СММ мебошад. Аз ҷумла, дар сохтори авиатсионӣ “духтар”-и «ЮТэйр-Карго» амал мекунад, ки соҳиби 17 ҳавопаймо мебошад ва фармоишҳоро дар бозори байналмилалӣ, аз ҷумла барои Созмони Милали Муттаҳид иҷро мекунад.18 ва 22 август яке аз ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Кобул ба Алмаато ду парвоз анҷом дод, ки тавассути онҳо намояндагиҳои СММ аз Афғонистон берун оварда шуданд.

Муовини Дабири кулли СММ Атул Харе ба “ЮТэйр” барои ин изҳори сипос кард.

Пас аз он ки намояндагони ҳаракати террористии “Толибон”* қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд ва ҳама гузаргоҳҳои сарҳадиро ишғол карданд, фурудгоҳи Кобул ягона ҷойест, ки аз он афғонҳо ва хориҷиён метавонанд кишварро тарк кунанд.

Тахлия тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ-нақлиётии ИМА ва парвозҳои изтирорӣ сурат мегирад, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд, парвозҳои тиҷоратӣ боз дошта шудаанд. “Толибон”* ҳоло ҳам иҷоза медиҳанд, ки одамон аз фурудгоҳи Кобул кӯчонида шаванд, аммо ин гурӯҳ аллакай муҳлати анҷоми парвозҳои изтирориро то 31 август муқаррар кардааст. Худи ҳамон рӯз ҳамаи низомиёни хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд.          

                                                                                   АКС аз  imag.one

______________________________________________

*«Толибон» ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд давлатҳои дигар мамнӯъ аст.

Август 26, 2021 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд