Дар ноҳияи Данғара оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ машварати илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъмини бехатарии озуқаворӣ-кафолати солимии ҷомеа» машварати ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Тавре аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварат намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони соҳа, сардорони раёсатҳои Кумита, сардорони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ба кори машварат оғоз бахшида, зикр намуд, ки “мақсади асосии баргузории машварати илмӣ-амалӣ дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти бехатару хушсифат мебошад”.
Зимни он иштирокчиён муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба мавзӯъҳои саҳми Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар таъмини сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи чораҳои фитосанитарӣ-гарави фаровонҳосилӣ, самтҳои афзалиятноки ноилшавӣ ба амнияти озуқаворӣ дар шароити муосир ва ғайра маърӯза намуданд.
АКСҲО аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






