Дар ноҳияи Муъминобод мавсими хушконидани мева ҷараён дорад
МУЪМИНОБОД, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор Нодирхон Сафаров ва шариконаш дар ноҳияи Муъминобод давоми 10 рӯзи оғози мавсими мевахушккунӣ тавонистанд беш аз 20 тонна меваро ба таври табиӣ хушконанд. Онҳо кӯшиш доранд то охири мавсим фаъолияташонро идома дода, дар беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсолаи боғҳои ноҳия саҳм гузоранд ва содироти маҳсулотро аз қаламрави ноҳия афзоиш диҳанд. Меваҳои хушконида ба вилояти Суғд интиқол ёфта, баъди коркарду банду баст ба Федератсияи Русия, Беларус ва дигар давлатҳо содирот карда мешаванд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯзҳо дар ноҳияи Муъминобод соҳибкорон баҳри беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили себу нок ва дигар намуди меваҷот бо хоҷагиҳо шартнома баста, онро ба хориҷи мамлакат содирот менамоянд. Дар хориҷи кишвар талабот ба меваи хушки Тоҷикистон зиёд буда, соҳибкорон кӯшиш менамоянд меваи хушкро ба таври муосир банду баст ва содирот кунанд.
Ин тадбир ҳавасмандии боғдоронро зиёд намудааст ва онҳо имкон доранд меваи расидаи боғҳояшонро пурра ба савдо бароварда, фоидаи хуб ба даст оранд. Аз ҷониби дигар, сокинон ба хушконидани мева ҷалб гардида, соҳиби ҷои кори мавсимӣ мешаванд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






