Дар Суғд дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» Конференсияи миллии сайёҳӣ доир шуд

Август 20, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 20.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Сайёҳи дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» Конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода, ки дар ин конференсия иштирок намуд, гузориш медиҳад.

Конференсияи миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳи дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш  муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе,  роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ВАО ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар вилояти Суғд, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ,  омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,  имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон  вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданбоби беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кӯли Калон, Ҳафткӯл ва дигарон мусоидат менамоянд.

Водии Зарафшон бо ёдгориҳои нодире, чун Саразми бостонию Панҷакенти Қадим ва манзараҳои ҷолиби кӯҳҳои Фону кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Кӯли Калон ва Искандаркӯл дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро шефтаву мафтун кардааст. Ба ҳавзаи Кӯли Калон кӯлҳои Душоха, Бибиҷаннат, Сиёҳ, Ҷангал дохил мешаванд, ки аз манзараҳои дилкаши водиянд. Табиати афсункори кӯлҳои Аловиддин ва атрофи он ҳар бинандаро тасхир месозад.

Дар водии дарёи Шинг кӯлҳои Марғузор ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранг ва зебоии хоси худ фарқ мекунад. Ин кӯлҳо дар ҳақиқат муъҷизаи пурасрори табиатанд ва дар мавсими гармо ба мавзеи писандидаи сайёҳони пиёдагарду кӯҳгарди дохиливу хориҷӣ табдил меёбанд. Ҳамчунин яке аз иншооти ҷолиб Искандаркӯл мебошад, ки дарозиаш 5 километрро ташкил медиҳад. Қариб ду километр поёнтар аз кӯл, аз байни шахҳо, шаршарае аз баландии 30 метр ҷорист, ки ҳар сайёҳ дар орзуи дидани он аст. Ҳамаи ин дороиҳо имкон фароҳам овардаанд, ки Зарафшон на танҳо дар дохил, балки берун аз ҷумҳурӣ ҳамчун беҳтарин минтақаи сайёҳӣ шинохта шавад.

Омӯзиши захираҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят барои ривоҷ бахшидани сайёҳии табобатӣ — беҳдоштӣ иқтидори бузург дорад. Осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, “Зумрад”, “Хавотоғ” ва “Авис-сити” миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ шуҳрат доранд.

Ҳамоиши мазкур дар заминаи пресс — тур оид ба  имконияти қабулу хизматрасониҳои  сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Гулистон-Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе барои намояндагони ВАО  ва доираҳои сайёҳие, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ   дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.

Қабл аз оғози сафар  Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ  бо иштирокчиён суҳбат намуда, тадбири мазкурро дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои хоси сайёҳии кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳӣ

Август 20, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии ИДМ доир шуд
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад
Таҳкими ҳамкории гумрукӣ дар ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 иштирок намуд
Ҳамкории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон ва Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалии Австрия густариш меёбад
Барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд
Дар Боку Форуми байналмилалӣ доир ба рушди омор оғоз гардид
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?
Ҷаласаи нуздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ба соҳаи сохтмон зиёда аз 16 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ равона карда шудааст
Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд
Ҳоким Холиқзода бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикхан мулоқот намуд