Дар вилояти Суғд хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри нави сайёҳиро ба самти шимоли Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки хатсайри нави сайёҳӣ дар масири Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Гулистон-Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе роҳандозӣ гардида, ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии минтақаҳои шимоли мамлакат ва тақвияти сайёҳии дохилӣ мебошад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дар хатсайри мазкур пресс-тур ташкил менамояд. Тибқи он намояндагони расонаҳои хабарӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои қадимаи тоҷикон — Истаравшану Хуҷанд ва мавзеъҳои сайёҳиро дар шаҳрҳои Гулистон ва Шаҳристон тамошо намуда, бо инфрасохтори сайёҳӣ дар шимоли Тоҷикистон шинос мегарданд.
Акс аз манбаи боз








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






