Форуми 3-юми намояндагони ВАО-и кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати АМИТ «Ховар» тариқи онлайн баргузор шуд

Август 6, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Форуми сеюми намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Бинобар пандемия, он тариқи онлайн доир карда шуд.

Форум, ки ба мавзӯи «Фазои иттилоотии СҲШ – воситаи муассири ҳамкорӣ» бахшида шуд, тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар соли 2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» баргузор карда шуд.

Дар Форум роҳбарони ВАО ва коршиносон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Котиботи СҲШ иштирок карданд.

Дар ҷараёни Форум иштирокчиён нуқтаи назари худро баён намуда, муҳимияти истифодаи фазои иттилоотиро барои ҳамкорӣ ва рушди кишварҳои СҲШ, пешбурди нақшаҳои ҳамёрии муваффақона ва самарабахши воситаҳои ахбори омма, инчунин татбиқи босамари барномаҳо ва лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро таъкид намуданд.


Иштирокчиёни чорабинӣ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи аҳамияти баргузории ин форум, ки  чанде пеш дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» изҳор дошта буданд, махсус таъкид карданд.

«Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд. Муҳити дохилии кишвар ва низ муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар  шахсони эҷодкор вобаста аст», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Форум ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи муштарак оид ба муқовимат бо маълумоти фейкӣ (бардурӯғ, беэътимод, беасос) ва комиссияи коршиносон оид ба мубориза бо фейкҳо таъсис дода шавад.

Ҷониби Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд модели нав иборат аз 3 банд таҳия карда шавад: таҳкими «Рӯҳияи Шанхай» ва эҷоди консепсияи паёми ягонаи иртиботӣ; омӯзиши мутақобила барои табодули таҷриба оид ба мазмуну мундариҷа; таҳияи нақшаи амал оид ба механизми мубодилаи маводи аудиовизуалӣ  ҷиҳати  мубориза бо коронавирус.


Аз ҷониби Узбекистон пешниҳод гардид, ки чораҳо оид ба таъмини озодии сухан, мубориза бо чолишҳо, маълумоти бардурӯғ, ифшои маълумоти шахсӣ, киберҷинояткорӣ, муқовимат ба паҳншавии иттилооти дорои хусусияти экстремистӣ ва мазҳабӣ, ки боиси душмании миллӣ ва нажодӣ, бадномкунии шахсият ва нуфузи корӣ мешаванд, маълумот дар бораи маводи мухаддир ва маводи дорои хусусияти шаҳвонӣ андешида шаванд.

Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ВАО ҳамчун воситаи муҳим ва муассири инъикоси фаъолияти СҲШ дар минтақа ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон пурра истифода намешаванд. Тазаккур дода шуд, ки фурсати таъсиси робитаҳои мустақими байниидоравӣ расидааст, ки метавонанд самаранок ва аз ҷиҳати истифода осон бошанд. Аз тарафи дигар, ташкил ва баргузории вохӯриҳои онлайнӣ метавонад ба ҳамкории фаъолонаи ВАО-и кишварҳои узви СҲШ мусоидат намояд.


Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе  баргузор мешавад, ҳамаҷониба инъикос гардад. Ҳамчунин бо дарназардошти вазъи кунунии минтақа ва шиддатёбии фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ, ки ба амнияти фазои Созмон таҳдид мекунанд, дар инъикоси васеи ташаббусҳои кишварҳои СҲШ дар мубориза бо «се қувваи бадӣ» (терроризм, сепаратизм, экстремизм), ҷиноятҳои алоқаманд ба маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ҳаматарафа мусоидат карда шавад.

Иштирокчиён ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки мунтазам вохӯриҳои онлайнӣ гузаронанд ва инчунин барномаҳои муштаракро оид ба густариши ҳамкорӣ таҳия намоянд.

Дар фарҷом қатъномаи Форум қабул карда шуд.

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Август 6, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»