Форуми 3-юми намояндагони ВАО-и кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати АМИТ «Ховар» тариқи онлайн баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Форуми сеюми намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Бинобар пандемия, он тариқи онлайн доир карда шуд.
Форум, ки ба мавзӯи «Фазои иттилоотии СҲШ – воситаи муассири ҳамкорӣ» бахшида шуд, тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар соли 2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» баргузор карда шуд.
Дар Форум роҳбарони ВАО ва коршиносон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Котиботи СҲШ иштирок карданд.
Дар ҷараёни Форум иштирокчиён нуқтаи назари худро баён намуда, муҳимияти истифодаи фазои иттилоотиро барои ҳамкорӣ ва рушди кишварҳои СҲШ, пешбурди нақшаҳои ҳамёрии муваффақона ва самарабахши воситаҳои ахбори омма, инчунин татбиқи босамари барномаҳо ва лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро таъкид намуданд.


Иштирокчиёни чорабинӣ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи аҳамияти баргузории ин форум, ки чанде пеш дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» изҳор дошта буданд, махсус таъкид карданд.
«Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд. Муҳити дохилии кишвар ва низ муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар шахсони эҷодкор вобаста аст», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Форум ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи муштарак оид ба муқовимат бо маълумоти фейкӣ (бардурӯғ, беэътимод, беасос) ва комиссияи коршиносон оид ба мубориза бо фейкҳо таъсис дода шавад.
Ҷониби Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд модели нав иборат аз 3 банд таҳия карда шавад: таҳкими «Рӯҳияи Шанхай» ва эҷоди консепсияи паёми ягонаи иртиботӣ; омӯзиши мутақобила барои табодули таҷриба оид ба мазмуну мундариҷа; таҳияи нақшаи амал оид ба механизми мубодилаи маводи аудиовизуалӣ ҷиҳати мубориза бо коронавирус.


Аз ҷониби Узбекистон пешниҳод гардид, ки чораҳо оид ба таъмини озодии сухан, мубориза бо чолишҳо, маълумоти бардурӯғ, ифшои маълумоти шахсӣ, киберҷинояткорӣ, муқовимат ба паҳншавии иттилооти дорои хусусияти экстремистӣ ва мазҳабӣ, ки боиси душмании миллӣ ва нажодӣ, бадномкунии шахсият ва нуфузи корӣ мешаванд, маълумот дар бораи маводи мухаддир ва маводи дорои хусусияти шаҳвонӣ андешида шаванд.
Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ВАО ҳамчун воситаи муҳим ва муассири инъикоси фаъолияти СҲШ дар минтақа ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон пурра истифода намешаванд. Тазаккур дода шуд, ки фурсати таъсиси робитаҳои мустақими байниидоравӣ расидааст, ки метавонанд самаранок ва аз ҷиҳати истифода осон бошанд. Аз тарафи дигар, ташкил ва баргузории вохӯриҳои онлайнӣ метавонад ба ҳамкории фаъолонаи ВАО-и кишварҳои узви СҲШ мусоидат намояд.


Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳамаҷониба инъикос гардад. Ҳамчунин бо дарназардошти вазъи кунунии минтақа ва шиддатёбии фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ, ки ба амнияти фазои Созмон таҳдид мекунанд, дар инъикоси васеи ташаббусҳои кишварҳои СҲШ дар мубориза бо «се қувваи бадӣ» (терроризм, сепаратизм, экстремизм), ҷиноятҳои алоқаманд ба маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ҳаматарафа мусоидат карда шавад.
Иштирокчиён ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки мунтазам вохӯриҳои онлайнӣ гузаронанд ва инчунин барномаҳои муштаракро оид ба густариши ҳамкорӣ таҳия намоянд.
Дар фарҷом қатъномаи Форум қабул карда шуд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»










ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон






