Лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои ИДМ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. ИДМ лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳоро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон ва кафолатҳои соҳибихтиёрии интихоботии кишварҳо таҳия мекунад. Ҳуҷҷат дирӯз дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар қолаби онлайн баррасӣ шуд, хабар доданд ба БЕЛТА аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
Дар вохӯрӣ коршиносон матни изҳоротро ба итмом расонида, дар маҷмӯъ, онро ба мувофиқа расониданд. Ҳуҷҷат барои қабул ба Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод шудааст.
Хадамоти матбуот хабар додааст, ки ташаббускор ва таҳиякунандаи ҳуҷҷат ҷониби Русия буд. Ин изҳорот ба тақвияти эътимоди мардум ба интихобот ва раъйпурсӣ тавассути баланд бардоштани шаффофият ва ошкорбаёнии тартиботи интихоботӣ, рушди муколамаи созанда, баробарҳуқуқ ва боэҳтиром оид ба масъалаҳои асосии интихобот, ки меъёрҳои интихоботи муосири демократиро муайян мекунанд, табодули таҷрибаҳои пешқадам ва ҳамкории байни Кумитаи иҷроияи ИДМ ва АБП ИДМ бо дигар миссияҳои мониторинг равона гардидааст.
Қабули ҳуҷҷат инчунин ба густариш ва таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти марказии интихоботии давлатҳои ИДМ, рушди институтҳои мушоҳидаи ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






