Миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ мусобиқаи футболи хурд ҷараён дорад

Август 18, 2021 14:49

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти Ҷоми ҲХДТ миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаи футболи хурд ҷараён дорад.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Шурӯъ аз 9 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳилаи интихобии мусобиқаи мазкур дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оғоз ёфт. Мусобиқа тибқи қоидаҳои футболи хурд баргузор гардида, дар он дастаҳо аз тамоми деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар мусобиқаҳои касбии футболи кишвар бозӣ намекунанд, бо ҳам рақобат доранд»,-изҳор дошт  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даври якуми мусобиқа  дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашта, дастаҳои ғолиб ба даври шаҳрию ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрӣ-ноҳиявии мусобиқа, ки аз 10 август оғоз ёфт, то 30 август идома меёбад.

Сипас дастаҳои ғолиб ба даври вилоятӣ ва ғолиби вилоят ба даври ҷумҳуриявӣ, ки моҳи октябри соли равон ҷамъбаст мегардад, роҳхат мегиранд.   Ғолибони ҳамаи 4 даври мусобиқа бо Ҷом, медал ва диплому туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Август 18, 2021 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд
ФУТБОЛ. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳайаташро бо собиқ бозингарони бошгоҳҳои «Мартиму» ва «Брага»-и Португалия пурқувват намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол пеш аз мусобиқа дар Давҳа ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад
ФУТБОЛ. Маросими қуръапартоии Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 доир гардид