Муовини аввали Сарвазири мамлакат ба кормандони Бонки миллӣ мукофотҳои давлатиро тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид барои тақдими мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода зимни ифтитоҳи ҷаласа ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии заҳматҳои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат минбаъд кормандони БМТ неруву тавони худро баҳри рушди низоми бонкии кишвар равона хоҳанд кард.
Сипас муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори департаменти назорати бонкӣ Фирӯз Шарипов, сардори идораи омор ва тавозуни пардохт Бахтиёр Баҳриддинов ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Улуғбек Бозоров барои фаъолияти самараноку дастовардҳои баланди истеҳсолӣ медали «Хизмати шоиста» тақдим ва ба котиби раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломзода барои хизматҳои софдилона ва пурсамар «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Ҳамчунин имрӯз аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сардори шуъбаи сохтмони Бонки миллии Тоҷикистон Насим Муҳаббатов медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим гардид.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни тақдими мукофотҳои давлатӣ таъкид намуд, ки давоми солҳои охир низоми бонкии кишвар бомарому устувор рушд намуда истодааст ва сарфароз гардидани кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ далели қадршиносии роҳбарияти мамлакат аз заҳматҳову талошҳои онҳо ҷиҳати рушди соҳа, таҳлилу пешниҳодҳои муфид, татбиқи ислоҳот дар низом ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Аксҳо аз БМТ












Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






