НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид

Август 2, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар ин давра  дар мамлакат 39,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  5,2 банди фоизӣ зиёд ва  дар панҷ соли охир  нишондиҳандаи  баландтарин мебошад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон ба хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки  дар ин давра рушди ММД аз ҳисоби  афзоиши  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 23,4 фоиз, кишоварзӣ- 8,1 фоиз,  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 22,1 фоиз, мусофиркашонӣ- 19,6 фоиз, гардиши савдои дохилӣ- 17,2 фоиз, боркашонӣ- 2,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 13,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ- 42,8 фоиз таъмин гардид.

Инчунин вазир афзуд, ки сатҳи таваррум  дар ин давра 3,9 фоизро ташкил намуд, ки он аз ҳисоби 5,1 фоиз болоравии  нархҳои  маҳсулоти озуқаворӣ, 3,1 фоиз молҳои ғайриозуқавӣ ва 1,6 фоиз  тарофаҳои  хизматрасонии пулакӣ ташаккул  ёфтааст.

Завқӣ Завқизода зикр кард, ки  таҳлили натиҷаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии кишвар бозгӯи он аст, ки  дар натиҷаи амалигардонии  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба пешгирии таъсири  хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисоди  миллӣ  ва таъмини устувории  макроиқтисодии кишвар, истифодаи самараноки  имконияту захираҳои мавҷуда, аз қабили заминҳои кишоварзӣ ва ҷалби сармояи ватниву хориҷӣ новобаста ба  таъсири омилҳои  беруна дар ин давра рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

 

Аксҳо аз АМИТ «Ховар» 

Август 2, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад