Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти FIAS ширкат мекунанд

Август 15, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 15.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Россия Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар мусобиқа, ки миёни мардҳо доир мегардад, 56 варзишгар иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – барои ба даст овардани Ҷоми Президенти FIAS талош мекунанд.

Ҷоми Президенти FIAS аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон сурат мегирад: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг. Дар ҳар вазн 8 варзишгар аз 21 давлат қувва меозмоянд: Арманистон, Беларус, Булғория, Венесуела, Гурҷистон, Испания, Камерун, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Марокаш, Молдова, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса, Хорватия, ШМА, Эрон ва Юнон.

 

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 15, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд