Пагоҳ дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши бузурги китоб баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 август дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зери унвони «Китоби Душанбе» намоиш-фурӯши бузурги китоб бо тахфифи 30 фоиз баргузор мегардад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар намоиш-фурӯш ноширони ватанӣ — муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол», ҶДММ «Нашриёти муосир», ҶДММ «Эр-граф», ҶДММ «Ношир», ҶДММ «Хуросон», ҶДММ «Меҳригиёҳ» китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






