Панҷакент: Соҳибкор Фаридун Мукамбилов роҳи дохилишаҳрии кӯчаи Убайди Зокониро ба таври замонавӣ мумфарш мекунад
ДУШАНБЕ, 29.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии шаҳри Панҷакент дар шоҳроҳ ва роҳҳои дохилишаҳрӣ корҳои таъмиру таҷдид ва ободонӣ ҷараён доранд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Бо ин мақсад тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ҷалби соҳибкорон корҳои навсозӣ ва бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, дар ин раванд аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Мукамбилов ва аҳли пайвандонаш роҳи дохилишаҳрии кӯчаи Убайди Зоконии шаҳри Панҷакент дар масоҳати 0,6 км бо паҳноии 5 метр ба таври замонавӣ мумфарш карда мешавад.
Чунин иқдом бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ҳамарӯза идома дода мешавад.
АКС аз МИҲД-и вилояти Суғд








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд






