Пас аз шаш моҳ дар Пекин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. То Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 камтар аз шаш моҳ боқи мондааст ва шоҳиди мусобиқоти намудҳои зимистона хоҳем шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Мо аз Бозиҳо дар Токио бисёр чизҳоро омӯхтем ва уҳдадор мешавем, ки Бозиҳои бехатар ва амнро дар Пекин таъмин кунем, — гуфтааст Янг Ян, раиси Комиссияи варзишгарони Пекин-2022. — Мо омодаем беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро дар Чин истиқбол кунем ва ҳаяҷони Бозиҳои олимпиро барои тамошобинони ҷаҳон дубора эҳё намоем».
Дар Пекин ҳамаи иншооти варзишӣ, ки ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ пешбинӣ шуда буданд, омодаанд ва аксарият аз ҷониби федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ тасдиқ шудаанд. Силсилаи 10 чорабинии санҷишӣ аз моҳи октябр то декабр гузаронида мешаванд.
Пекин-2022, инчунин баъзе мусобиқаҳои намудҳои зимистонаро (конкитоз, хоккей ва кёрлинг) дар иншооте, ки ҳангоми Бозиҳои олимпии Пекин-2008 истифода шуда буданд, баргузор хоҳад кард. Аз ҷумла, Варзишгоҳи миллӣ, ки бо номи «Лонаи паранда» дар соли 2008 барои маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ истифода шуда буд.
24-умин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд. Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад. Бар барномаи Бозиҳои Пекин-2022 ҳафт намуди варзиш (15 равияи варзиш) ворид шудаанд. Беш аз 4000 варзишгар аз қариб 100 давлати ҷаҳон барои 109 маҷмӯи медалҳо талош хоҳанд варзид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 ду варзишгарро дар намуди лижаронии кӯҳӣ – Ғоибов Баҳриддин ва Саидашраф Эшонов – аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад ва онҳо ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки аз моҳи октябр шуруъ мегардад, омодагӣ мебинанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






