Роҳбарони СААД аз мавқеъҳои қавии ДИ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд — Песков
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИ) дар Афғонистон мавқеи мустаҳкамро нигоҳ медорад. Дар ин бора котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод (ДАР АКС), иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Иштирокчиёни (ҷаласаи ғайринавбатии СААД, ки 23 август тавассути видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. -тавзеҳи АМИТ «Ховар») ва Президенти (ФР Владимир Путин. — тавзеҳи ТАСС) дар суханронии худ аз он изҳори нигаронии махсус карданд, ки «ДИ»* дар Афғонистон мавқеи хеле қавӣ дорад. Ин ҳам як тамоюли хеле хатарнок аст, ки барои фазои СААД хатар эҷод мекунад»,-гуфт сухангӯи Кремл.
«Зикр карда шуд, ки пешгирии вуруди исломгароӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД ва пешгирии ҷалби шаҳрвандони кишварҳои мо ба сафи ифротгароён, аз ҷумла бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет муҳим аст», — гуфт Дмитрий Песков.
АКС аз ТАСС
*ДИ (Давлати исломӣ) — гурӯҳе, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд давлати дигар мамнӯъ аст








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






