Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон мулоқот намуд

Август 7, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Cоҳибназар Ғайратшо бо Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (Der Mittelstand BVMW) Маркус Йергер баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суҳбат ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби соҳибкорони хурду миёнаи Олмон ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Бо дарназардошти фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти солҳои охири иқтисоди Тоҷикистон, Иттиҳоди мазкур ҳавасмандии хешро баҳри вусъати робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз намуда, таъйини атташеи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмонро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Тоҷикистон дар рушди шарокат бо Аврупо арзёбӣ кард.

Иттиҳоди мазкур беш аз 9000 ширкатҳои хурду миёнаи олмониро муттаҳид намуда, дар хориҷа дорои 300 намояндагӣ мебошад.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 7, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд