СЕЗАРБ БА ДУШМАНИ ЭҲТИМОЛӢ. Машқҳои муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия, ки дар онҳо «ҷангҷӯён»-и марзро убуркарда нобуд карда шуданд, анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон даври ниҳоии машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия, ки аз 1 то 10-уми августи соли 2021, бо ташкили унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва бо ҷалби зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи се кишвар ҷараён дошт, дар сатҳи зарурӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод, барои иштирок дар размоиши муштараки васеи ҳарбӣ, ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Узбекистон аз қисмати марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои таъйиноти махсус таҳти ҳимоя ва роҳбаладии чархболҳои ҳарбӣ, рӯзи якуми август вориди кишвари мо гардида, дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон қароргоҳи муваққатии хешро ташкил намуданд.
Ф. Маҳмадализода афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русияро дар ин размоиши ҳарбӣ, асосан ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми ин давлат ташкил намуда, нерӯҳои иловагӣ ва ҳавопаймоҳои муҳорибавӣ аз дигар минтақаҳои ин кишвар ба машқгоҳ интиқол ёфтанд. Аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машқҳои муштараки ҳарбӣ, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, мустақар дар гарнизони Хатлон, як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал ва чархболу ҳавопаймоҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ ширкат намуданд.
Инчунин зикр кард ӯ баҳри назорат ва ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомии се кишвар, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, Раиси вилояти Хатлон ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.

Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ, дар баробари иштироки зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи се кишвар, инчунин ба он 25 адад чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои муҳорибавию зарбазан, бомбаандозу қиркунанда, 500 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода шуданд-гуфт мавсуф.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомии се кишвар, Вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Шуҳрат Холмуҳаммедов, Фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия генерал-полковник Александр Лапин ва дигар шахсони расмӣ, доир ба аҳамият ва ҳадафи баргузор намудани машқҳои ҳарбӣ дар назди ҳайати иштирокчиёни он баромад карда, иброз доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар сарони давлатҳои минтақа ва ҷаҳон доимо ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои дохилӣ буда, бо кишварҳои ҳамсоя ва сулҳхоҳи сайёра ҳамеша бар зидди амалҳои даҳшатбори гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва фаъол гардидани ташкилоти ғайриқонунӣ дар муборизаи муштарак қарор дорад ва давлатҳои ҳамсони минтақа ва ҷаҳонро ба муқобили ҳама падидаҳои номатлуби аср, пайваста ба муҳорибаи дастаҷамъона даъват менамоянд.


Дар ҷараёни суханронӣ, ҳамзамон зикр карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои муттақобилан судманди ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ташкилу ба роҳ мондани чунин тамринҳои васеи низомӣ, бешак ба таъмини амнияти давлатҳои ҳамсон ва таҳким бахшидани сулҳу субот дар минтақа мусоидат намуда, он дар самти муборизаи муштарак алайҳи ҳама гуна таҳдиди хатарҳои террористиву экстремистӣ, сайқал додани маҳорати касбиву омодабошии доимии ҷангии ҷузъу томҳо ва барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишварҳои ҳампаймон таъсири бевосита мерасонад.
Ба иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштараки васеи низомӣ медалу ифтихорномаҳо, туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ ва дигар мукофот тақдим карда шуд.

Дар охири чорабинӣ гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман, ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда анҷомбахши машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ дар гарнизони Хатлон гардид.
АКСҲО аз Вазорати мудофиаи ҶТ








Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд






