Султон Раҳимзода: Маҳз дар замони Раёсати Тоҷикистон ХБНА дар СММ мақоми нозирро касб намуд

Август 24, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасии масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин ба мушкилоти минтақа, аз ҷумла масъалаи хушкшавии баҳри Арал низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Мамлакати мо яке аз муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА) буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ кӯшиши худро ба ҳалли ин масъала равона менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст солҳои 2002-2008 Раёсати ХБНА-ро ба уҳда гирифт. Дар ин давра аз ҷониби Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд гузаронида шуда, паҳлўҳои гуногуни мушкилоти баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Соли 2020 даври дуюми Раёсати Тоҷикистон дар ХБНА оғоз гардид, ки дар ин муддат низ аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон якчанд пешниҳодҳо ироа гардиданд. Вобаста ба фаъолияти кунунии Кумитаи иҷроияи ХБНА ва кӯшишҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи баҳри  Арал хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА  бо раиси Кумитаи иҷроияи ХБНА Султон РАҲИМЗОДА  ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Султон Раҳимзода, соли 2020 Раёсати ХБНА ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор шуд. Инак аз  он вақт 2 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал кадом корҳо ва лоиҳаҳоро амалӣ намуд?

Султон Раҳимзода: Дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА), Кумитаи иҷроияи ниҳоди мазкур масъалаи мубрами рӯз, яъне таъсири тағйирёбии иқлим ба  минтақа ва ҷаҳонро яке аз мавзӯъҳои афзалиятноки давраи фаъолияти худ интихоб намуд. Айни замон Кумитаи иҷроияи ХБНА дар якҷоягӣ бо шарикони рушд дар пешбурди ин масъала  корҳои зиёде анҷом дода истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти ХБНА ибтидои соли равон ба ҳайси аъзои Панели сатҳи баланд оид ба масоили обу иқлим интихоб шуданд ва дар ҷаласаи нахустини Панели мазкур Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ҳамчунин дар ҳамин замина пешниҳод карда шуд, ки яке аз рӯзҳои сол Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад, то ин ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста аз ин мушкилот бохабар бошад ва иқдомҳои наву созандаро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии захираҳои оби ширин ба ҳисоб мераванд, дар ин раванд татбиқ  намоянд. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  инчунин аз ибтикори худ оид ба таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд.

Кумитаи иҷроияи ХБНА имрӯз бо шарикони рушд дар татбиқи ҳамин пешниҳодҳои Президенти мамлакат кор бурда истодааст. Ҳамчунин дар идомаи он корҳое, ки қаблан дар доираи фаъолияти Хазина анҷом ёфта буданд, корҳо тақвият бахшида шуда, 29 июни соли 2021 Барномаи 4-уми Ҳавзаи баҳри Арал аз ҷониби аъзои Раёсати ХБНА тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур фарогири 34 лоиҳаи хурду бузурги дорои хусусияти милливу минтақавӣ буда, имзо гардидани Барнома аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин маъност, ки ҳамаи кишварҳо аз лоиҳаҳои мазкур пуштибонӣ мекунанд. Кумитаи иҷоияи ХБНА дар ин масъала аллакай корро бо шарикони рушд оғоз намудааст. Мо ният дорем, ки моҳи октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  донорҳо ташкил намуда, Барномаи 4-уми Ҳавзаи баҳри Аралро ҷиҳати ҷалби маблағҳои шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои барномаи мазкур ба таври васеъ муаррифӣ намоем. Мавриди зикр аст, ки баъзе аз шарикони рушд аллакай ба татбиқи лоиҳаҳои алоҳидаи барномаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, бахусус дар он қисме, ки марбут ба масоили тағйирёбии иқлим аст. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зери таъсири манфии тағйирёбии иқлим қарор дошта, мутобиқшавӣ ба чунин пайомадҳо амалӣ намудани лоиҳаҳоро ҷиҳати  устувории иқтисоди кишварҳои  мо ба ин раванд талаб мекунад.

АМИТ «Ховар»: Дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон  дар ХБНА дар фаъолияти ин ниҳод чӣ тағйирот ворид гардид?

Султон Раҳимзода: Як самти бисёр муҳиме, ки Кумитаи иҷроияи ХБНА  имрӯзҳо амалӣ намуда истодааст, ин ислоҳоти ХБНА, яъне такмили сохтори институтсионалӣ ва заминаи ҳуқуқии он мебошад. Дар ин хусус бори нахуст роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Эъломияи худ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва маротибаи дуввум дар Эъломияи муштарак дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон соли 2018 иброз намуда, зарурати ислоҳоти ХБНА-ро таъкид намуданд. Кумитаи иҷроияи ХБНА айни замон бо дастгирии ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин корҳоро пеш бурда истодааст, мо  тавонистем гурӯҳи кориро аз ҳисоби коршиносони аршади 5 кишвари Осиёи Марказӣ таъсис диҳем ва дар ин раванд шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ моро дастгирӣ карда истодаанд.

Феълан мо дар қадамҳои нахустини раванди бисёр мушкил қарор дорем, зеро вақте як ислоҳоте, ки панҷ кишварро фаро мегирад, он дар панҷ қадам татбиқ мегардад, ки ин хеле тӯлонӣ ва душвор аст. Дар доираи ислоҳоти Кумитаи иҷроияи ХБНА мо ҳадафҳо ва вазифаҳои хазинаи мазкурро  дар шакли такмилшуда баррасӣ карда истодаем. Мо мутмаин ҳастем, ки бо кӯмаки шарикони рушд ва омодагии ҷиддиву  саҳми муносиби кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонем дар фурсати муносиб ва муайян ислоҳотро анҷом диҳем, то ин ки сохтори нави интитутсионалие, ки дар оянда ХБНА-ро ҷойгузин  мешавад,  тавонад сохтори институтсоналии мукаммал ва устувор гардида, зидди он чолишҳое, ки имрӯз кишварҳои минтақа ба он рӯ ба рӯ мешаванд, муқовимат  намояд.

АМИТ «Ховар»: Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баланд бардоштани мақоми ХБНА дар сатҳи байналмилалӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Султон Раҳимзода: ХБНА мақоми  нозириро дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) доро мебошад, ки ин қарор соли 2008, маҳз дар замони раисии нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБНА пешниҳод гардида буд. Дар доираи ҳамкорӣ бо СММ ҳамчунин имсол бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии  СММ  Қатъномаи нави худро оид ба ҳамкорӣ бо ХБНА қабул намуд, ки он ҳамаи ниҳодҳои СММ — ро муваззаф месозад ҳамкориро бо ХБНА ва сохторҳои он густариш дода, ба ҳалли масъалаҳои дар доираи салоҳиятҳои Хазина дар минтақа мавҷуда мусоидат намоянд. Дар ин раванд Кумитаи иҷроияи ХБНА бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Комиссияи иқтисодӣ – иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи  боздоранда, ки дар Ашқобод ҷойгир аст, ҳамкориро зич ба роҳ мондааст ва чорабиниҳои гуногун низ дар ин раванд гузаронида мешаванд.

Албатта ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ имрӯз ҳамчун  мамлакати пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об эътироф гаштааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об- ин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи об мебошад, зеро об сарчашмаи ҳаёт буда, асоси зиндагиро ташкил медиҳад. Пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба  захираҳои об, махсусан пиряхҳо ва ҳамзамон зиёд гардидани талабот ба об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ сабаби он гардидаанд, ки масъалаи об сол то сол мубрамтар гардад. Дар чунин шароит зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имрӯз аллакай талошҳои муштаракро барои ҳалли масоили марбут ба об пиёда намояд, то ин ки насли оянда тавонад аз он захираи табиӣ, ки асоси ҳаётро ташкил медиҳанд, дуруст ва мақсаднок истифода намояд.

АМИТ «Ховар»: Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар татбиқи сиёсати экологии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон  чӣ нақш дорад?

Султон Раҳимзода: Чун Тоҷикистон яке аз кишварҳои муассиси ХБНА ба ҳисоб меравад, албатта, Кумитаи иҷроияи ХБНА дар татбиқи сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳм мегузорад. Кумита дар мусоҳибаҳо ва мулоқотҳое, ки бо шарикони рушд  дорад, вобаста ба он мушкилоте, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, масъалагузорӣ мекунад.  Мо дар якҷоягӣ бо Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ охири моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси 4-уми кишварҳои Осиёи Марказиро оид ба тағйирёбии иқлим баргузор намудем ва албатта, мушкилоти экологии ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон дар маркази суханрониҳои раиси Кумитаи иҷроияи ХБНА ва дигар намояндагони   Кумита  қарор доштанд.

Кумитаи иҷроияи ХБНА имрўзҳо дар чанд ҷода, аз ҷумла, дар доираи Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим фаъолият дорад. Илова бар ин, мо имрўзҳо корбариро бо ташкилкунандагони Форуми 9-уми ҷаҳонии об, ки соли 2022  дар шаҳри Дакар дар Синегал баргузор мегардад, оғоз карда, бо ташкилкунандагони Саммити 4-уми оби минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки соли 2022 дар Ҷопон баргузор мегардад,  низ ҳамкорӣ шурӯъ намудаем. Дар доираи ҳамаи чорабиниҳои болозикр Кумитаи иҷроияи ХБНА бо мақсади муаррифии мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ва мушкилоти экологие, ки ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла, Ҷумҳуриит Тоҷикистон ба онҳо мувоҷеҳ мешавад, чорабиниҳои канорӣ ва махсус ташкил мекунад. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар давраи раисии худ ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ки яке аз мушкилоти асосии экологӣ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба он афзалияти аввалиндараҷа додааст ва вобаста ба он  корҳои зиёде аллакай анҷом дода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар ин раванд- ин обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Дар Тоҷикистон  зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Ин нишондиҳанда ба он маъност, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим нисбат ба дигар кишварҳои минтақа зери таъсири бештар қарор дорад. Вақте ки мо дар бораи таръсири тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, обшавии босуръати пиряхҳо ҳарф мезанем, таваҷҷуҳи махсус ба Тоҷикистон равона мегардад, зеро обшавии босуръати пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бевосита ба кишварҳои дигари минтақа низ таъсир гузорад.  Вобаста ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷалби маблағҳо барои анҷом додани лоиҳаҳо барои пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳо ё ин ки коҳиш додани хатари офатҳои табиие, ки дар натиҷаи ҳамин раванд мо мушоҳида менамоем, аз ин чиз ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои Осиёи Миёна бархўрдор мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

P.S. Тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи роҳбарии Тоҷикистон ба ХБНА давоми солҳои 2002-2008 1 маҷлиси роҳбарони кишварҳои минтақа оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, 9 ҷаласаи Раёсати ХБНА, 4 ҷаласаи донорҳо, якчанд конференсияҳо дар сатҳи баланд, даҳҳо семинар, мизи мудаввар ва дигар вохўриҳо баргузор шуданд, ки наҷоти баҳри Арал ва ҳалли мушкилоти он дар сатҳҳои гуногун муҳокима гардиданд. Масалан, дар 9 ҷаласаи Раёсати Тоҷикистон дар ХБНА 123 қарор қабул гардида, 45 масъала оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Август 24, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд