Тақрибан 100 низомии Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии «АрМИ-2021» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан сад нафар низомиёни Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Тоҷикистон дар панҷ мусобиқаи «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард.
Танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Биатлони танкӣ», ки дар машқгоҳи Алабино дар наздикии Москва баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Снайперҳои тоҷик барои унвони беҳтарин дар Беларус рақобат хоҳанд кард, онҳо инчунин барои ширкат дар озмуни артиллериячиён ба Қазоқистон мераванд. Мусобиқаи духтурони низомӣ ва озмуни “Ошхонаи саҳроӣ” дар Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя баргузор мешаванд ва дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Бозиҳои VII байналмилалии артишии «АрМИ-2021» аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд.
Вазорати мудофиаи Русия 96 кишварро барои ширкат дар Бозиҳои 2021 даъват кардааст. 277 даста аз зиёда аз 40 кишвар хоҳиши иштирок карданро иброз доштанд.
Дар соли 2021 11 кишвар «AрМИ-2021»-ро дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия баргузор мекунанд. Дар ҳудуди онҳо 21 мусобиқа баргузор мегарданд.
АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






