ТАСС: Неруҳои муқовимати Панҷшер ҳамлаи толибонро ба яке аз гузаргоҳҳои аввалин зада гардонданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2021 / АМИТ «Ховар» /. Неруҳои муқовимати миллӣ дармузофоти Панҷшер, ки ба ҳаракати ифротгарои «Толибон» итоат накарданд, ҳамлаи ҷангиёнро ба яке аз гузаргоҳҳои аввалини қисми ғарбии ин минтақа зада гардонданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз як манбаъ дар ин музофот тавассути телефон ба ТАСС хабар додааст.
«Ин бегоҳ толибон мехостанд тавассути яке аз посгоҳҳои самти ғарбӣ ба Панҷшер ворид шаванд, аммо ҳамлаи онҳо баргардонида шуд. Дар миёни толибон кушта ва захмиҳо ҳастанд. Ҳоло вазъ дар минтақа ором аст», — гуфтааст ҳамсуҳбати агентӣ.
Ба гуфтаи ӯ, «Толибон»* вақтҳои охир неруҳои худро дар атрофи Панҷшер муттаҳид мекунанд. «Раванди музокирот натиҷае намедиҳад. Ба эҳтимоли зиёд толибон ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мебинанд ва як навъ разведкаи ҷангӣ мегузаронанд», — афзудааст манбаъ.
Рӯзи чоршанбе Абдул Ҳафизи Мансур, ки Панҷшерро дар музокирот бо ифротгароён намояндагӣ мекунад, дар бораи аввалин музокироти мустақими намояндагони неруҳои муқовимат бо ҳайати «Толибон»* дар шаҳри Чарикар (маркази маъмурии музофоти Парвон) иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки «ба хотири ҷилавгирӣ аз задухӯрди низомӣ муколамаро дар бораи сулҳ идома медиҳанд».
Намояндаи неруҳои муқовимати Панҷшер Фаҳим Даштӣ ҳафтаи гузашта ба хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки масъалаи расидан ба созиш бо ифротгароён дар бораи қатъи амалиёт дар шимоли Афғонистон ҳоло ҳам баррасӣ мешавад. Пештар ӯ зикр карда буд, минтақае, ки ба толибон итоат накардааст, мехоҳад ба ташкили мақомоти воқеан фарогири давлатӣ ноил шавад.
Вазъ дар кишвар
Ҳаракати «Толибон»* пас аз эълони ИМА дар бораи азми хуруҷи неруҳои низомии худ аз Афғонистон амалиёти густурдаро барои назорат бар Афғонистон оғоз карданд. 15 август президент Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Неруҳое, ки бо қудрати ифротгароён розӣ нестанд, дар Панҷшер муқовимат ташкил карданд, ки ба он Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд (1953-2001) раҳбарӣ мекунад. Ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат эълон кард, даъват намуд, ки ӯро дастгирӣ кунанд.
АКС: © AP Photo/Jalaluddin Sekandar
*«Толибон» ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд давлати дигар мамнӯъ аст.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






