ВАО дар давраи пандемияи COVID-19 нақши муассир доранд

Август 13, 2021 10:43

ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинари  серӯзаи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони расонаҳои электронӣ ва чопӣ, кормандони хадамотҳои матбуотии агентиҳои гуногун, бо иштироки мутахассисони соҳаи тиб, тренерони миллӣ ва байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши васоити ахбори омма дар давраи пандемияи COVID-19» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Cилсилаи чорабиниҳо бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи апрели соли 2020 амалӣ мегардад, ташкил шудааст.

Ҳадафи асосии силсилаи машғулиятҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони хадамоти иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар масоили инъикоси мушкилоти марбут ба сирояти нави коронавируси COVID-19 ва омӯзонидани тарзи пешниҳоди маълумоти холисона ва боэътимод ба аҳолӣ ва тасмимгирандагон бо мақсади ташаккул додани рафтори муносиби ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар шароити пандемия мебошад. Дар доираи ин лоиҳа ба 120 намояндаи васоити ахбори оммаи пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ малакаҳои касбии инъикоси масъалаҳои мубрами пандемияи COVID-19 омӯзонида мешаванд ва хамчунин тренингҳо барои баланд бардоштани потенсиали коммуникатсионии 30 нафар корманди хадамоти матбуоти вазорату идораҳо дар ҳамкории минбаъда бо аҳолӣ ва матбуот мусоидат хоҳад кард. Барнома ба ғайр аз машгулиятхои омӯзишӣ корҳои амалиро дар бар мегирад, ки дар давоми он иштирокчиён метавонанд донишу малакаи андӯхтаашонро истифода баранд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Наврӯз Ҷаъфаров суханронии худ ба иштирокчиёни семинар аз ҷумла қайд намуд, ки «Таъмини иттилооти саҳеҳ, дақиқ ва санҷидашуда аз ҷониби васоити ахбори омма яке аз омилҳои асосии мубориза бо пандемияи COVID-19 аст, ва рӯзноманигорон бояд дар сафи пеши ин мубориза бошанд. Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи мубориза бо сирояти коронавирусро дар Тоҷикистон қабул карданд, мо минбаъд низ ба масъалаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунем. Ҳоло масъалаи эмкунӣ барои мо хеле муҳим аст, айни замон дар кишвар зиёда аз 4 миллион вояи ваксинаҳои гуногун мавҷуданд ва дар ояндаи наздик зиёда аз 700 ҳазор вояи нав ворид мешаванд. Вазорати тандурустӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то расонидани саривақтии ваксинаҳоро таъмин намояд, аммо на ҳар сокини ба сирояти коронавирус осебпазир, хусусан дар минтақаҳо, барои гирифтани ваксина омода аст. Ин ҳолат, дар навбати худ, ба зуд бартараф намудани мавҷи нави пандемия монеъ мешавад. Мо ба кумаки рӯзноманигорон ниёз дорем ва ҳар қадар, ки каналҳои расонаӣ иттилооти боэътимодро оид ба манфиатҳои ваксина ва нақши муҳими он дар наҷоти одамон зуд паҳн кунанд, ҳамон қадар зудтар мо мушкилоти пандемияро паси сар мекунем. Ҳоло дар байни мардум маълумоти нодуруст бисёр паҳн мешавад, нофаҳмиҳо ва саволҳо ба миён меоянд. Вазифаи хабарнигорон кумак ба шаҳрвандон дар гирифтани посухи дақиқ ба саволҳои онҳост, саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як узви ҷомеа аз маъракаи бомуваффақияти эмгузаронӣ вобаста аст».

Дар омӯзишҳо ҳамзамон мушовири байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вирусологи маъруф ва мушовири Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии ИМА дар Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ иштирок намуд.

Зимни омӯзиш ӯ дар бораи навигариҳо оид ба сирояти коронавирус маълумоти муфассал ва ба саволҳои рӯзноманигорон посухи дод. «Журналистикаи босифат дар пешниҳоди маълумоти дақиқ, мутавозин ва объективӣ нисбати хатарҳои пандемияи бесобиқаи COVID-19 ва  таъсири он ба ҳаёти мардуми тамоми сайёра муҳим аст. Дарвоқеъ, Шумо яке аз манбаъҳои асосии иттилоот, чашму гӯши ҷомеа ҳастед, рисолати Шумо нигоҳи объективӣ, бедор кардани мардум ва ба ҳар фард  расонидани воқеъиятҳои замони пурошуби мост», — таъкид кард доктор Ораш Алоӣ.

Раиси Ассотсиатсияи тандурустии Тоҷикистон доктор Рустам   Турсунов нақши муҳими васоити ахбори оммаро қайд карда, афзуд: «COVID-19 ҳаёти мо, дарки ботинии мо ва фазои тафаккури моро тағйир дод. Муҳити иттилоотӣ дар ин раванд  нақши муҳим бозид, яъне тавассути васоити ахбори омма дар манбаъҳои гуногун маълумоти шубҳанок паҳн  шуд. Аввалин қурбонии пандемияи COVID-19, ки дар муҳити васоити ахбори омма рух дод, ҳақиқат буд. Набудан ва таҳрифи ҳақиқат боиси ваҳшати ғайричашмдошт ва вобастагии инфодемикӣ дар ҷаҳон гардид ва ба аҳолӣ зарбаи иҷтимоиву равонӣ зад. ВАО бояд нақши калидии худро дар ҳифзи саломатии ҷомеа дарк кунанд: онхо дарки хатарро ташаккул медиҳанд ва ҷомеаро ба ҳифзи саломатӣ сафарбар мекунанд».

Коршиносони соҳаи тиб ва тренерони семинар нақши муҳими ВАО-ро ҳамчун як қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф ва зарурати ҷалби матбуотро ба раванди огоҳии мардум таъкид карданд. Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотро дар бораи COVID-19 ба салоҳияти мутахассисони пешбари сохаи тиб маҳсуб дониста, ҳангоми таълими рӯзноманигорон онҳоро ба тарзи дурусти пахши иттилоот, худдори кардан аз пахши маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои қалбакӣ, мувофика кардани маводҳо бо андешаҳои мӯътамади мутахассисон ва истинод овардан ба манбаъҳои илмӣ даъват мекунад.

Дар ояндаи наздик омӯзишҳо дар вилояти Суғд ва ВМКБ идома хоҳанд ёфт.

Дар ҷамъбасти тренинги омӯзишӣ, ки 3-рӯз идома ёфт, ба иштирокдорон сертификатҳо супорида шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2021 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд