Вазорати молия: ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ ба 13,2 млрд сомонӣ баробар гардид

Август 2, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 13,2 млрд сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳои мазкур ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардид. Воридоти он нисбат ба нақша 809,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Файзиддин  Қаҳҳорзода иброз намуд, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2021 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз 12,9 млрд сомонӣ: аз ҷумла, ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 688,1млн сомонӣ, соҳаи маориф 2,4 млрд сомонӣ, тандурустӣ 1,1 млрд сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 1,9 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 492 млн сомонӣ, инчунин ба соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ 713,7 млн сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ- 2,4 млрд сомонӣ, кишоварзӣ- 294,6 млн сомонӣ, саноату сохтмон- 84,3 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия- 820 млн сомонӣ равона гардидааст.

Вазири молия гуфт, ки ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ин соҳаҳо 6,5 млрд сомонӣ равона гардид. Хароҷоти соҳаи мазкур 51 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.

Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла ба пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,2 млрд сомонӣ, идрорпулӣ 43 млн сомонӣ, нафақа 1,5 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 186 млн сомонӣ равона гардидаанд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 2, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд