ВКХ Тоҷикистон: Ҳавопаймо бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои Тоҷикистон ворид нашудааст
ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳавопаймо бо ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар қаламрави кишвар фуруд наомадааст», — изҳор доштанд имрӯз аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст», — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ТАСС ва якчанд агентиҳои иттилоотӣ бо истинод ба телевизиони «Tolo News» хабар доданд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми 15 август кишварро тарк карда, гӯё ба Тоҷикистон фирор намудааст. Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон қарор дорад. Ин изҳоротро рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии «Kabul news» дар «Twitter» пахш кард.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






