Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ мулоқот намуданд

Сентябрь 1, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону хонандагони пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки мо — мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардуми шарафманди тоҷик фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзанд, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоянд.

Рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат мавқеи асосиро касб кардааст.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, бахусус, солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, то имрӯз дар самти бунёд кардану ба истифода додани кӯдакистонҳои наву замонавӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Барои расидан ба ҳамаи ҳадафҳои нек дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 — 2025 ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагон танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода супоридани 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, то имрӯз қисми зиёди онҳо дарҳои худро барои хонандагон боз кардаанд.

Дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад. Маблағи зикршуда қариб 20 фоизи буҷети давлатиро ташкил дода, ба 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад.

Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки пешниҳоду хулосаҳои худро дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат манзур намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм ва дигар идораҳои давлтӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон, барои ташкили паркҳои технологӣ, баҳри дар сатҳи баланд ташкил кардану гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат”, ҷиҳати таҷдиду бознигарии ихтисосҳо, ҷорӣ кардани ихтисосҳои нав, омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, чораҷӯӣ намоянд.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ватани соҳибистиқлоламон сол ба сол рушд карда истодааст. Дар шаҳр дар баробари бунёди иншооти муҳимми инфрасохтори пойтахт ба масъалаи сохтмон ва таъсиси муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки танҳо тайи солҳои 2017 — 2020 дар шаҳри Душанбе бо харҷи зиёда аз 450 миллион сомонӣ 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак бунёд гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нишаст ва сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1900 кӯдак идома дорад.

Боиси хушнудист, ки танҳо 1 сентябр дар рӯзи дониш дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо дастгирӣ аз сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ 6 муассисаи муосири таълимӣ, аз ҷумла кӯдакистон, литсей ва гимназия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон даъват ба амал оварданд, ки раванди таълиму тарбияи фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо шаҳрвандони мамлакатро бо оғози соли нави хониш ва ҷашни дарпешистодаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мавлуда Зубайдуллозода — хонандаи гимназияи рақами 4, Собирҷон Саидзода — донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ ва Ҳушанг Собирзода — омӯзгор баромад карданд.

Сентябрь 1, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд