Дар Кӯлоб чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳ доир гардиданд

Сентябрь 9, 2021 20:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 7-уми сентябр дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, муовини Раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, фаъолони шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон ва намояндагони ВАО маҷлиси  тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиноб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Дар ин чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода аҳли ҷамъомад ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри Кӯлобро аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд.

Эмомалӣ Насриддинзода  зини суханронии худ аз  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти вилояти Хатлон дар 30 соли мустақилияти Тоҷикистон, болоравии нуфузи кишвари мо дар арсаи олам, талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар робита ба таваҷҷуҳи хосаашон ба бахши мактабу маориф, бунёди иншооти тиббӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, нишондиҳандаҳои бахши кор бо занон ва оила, рӯзгори ҷавонон, музаффарияти варзишгарони шаҳри Кӯлоб   ва дигар паҳлӯҳои соҳаҳои иҷтимоӣ  ёдовар шуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба беш аз 150 нафар намояндагони касбу кори гуногун, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мукофотҳои давлатӣ ва бо қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Хатлон ва Раиси шаҳри Кӯлоб бо ифтихорномаҳо  сарфароз гардидаанд, ин мукофотҳо тақдим гардиданд.

Инчунин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 9 сентябр роҳпаймоии осоишта ва шоми ҳамин рӯз чорабинии фарҳангии театрикунонидашуда доир гардиданд. Дар ин чорабиниҳо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода иштирок намуда, аз номи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинони шаҳри Кулобро бо ҷашни  бузургу таърихии кишварамон табрик намуд.

 Зикр гардид, ки дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб ҳар як гӯшаи Ватанро ба ҷабҳаи бузурги созандагиву ободонӣ табдил дода, имрӯз намунае аз дастоварду музаффариятҳои худро ҳамчун натиҷаи меҳнати софдилонаву фидокорона муаррифӣ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки бо ҷаҳду талоши созанда дар давоми сеюним соли охир  дар шаҳр 891 иншоот бунёд ёфт, ки 102%-ри нақшаро ташкил дода, корҳо дар ин самт идома доранд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 7 сентябр дар маркази шаҳри Кӯлоб  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 5 ҳазор нафар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоти «Ҳомиёни Ватан», «Сипарони Ватан» ва захираи сафарбарӣ  гузашти низомӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода зимни баргузории  гузашти низомӣ тазаккур дод, ки «имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо тамоми лавозимоту техникаи ҳарбӣ таъмин гардиданд.  Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар машқҳои муштарак миёни кишварҳои  ИДМ ба натиҷаҳои баландтарин даст ёфтанд. Барои тарбияи кадрҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи ҳарбӣ, донишгоҳ ва коллеҷҳои ҳарбӣ ташкил шудаанд, ки имрӯз  дастпарварони онҳо  дар  бахшҳои гуногуни Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ хизмат менамоянд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат Коллеҷи милитсияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки ба ҳайси тарбиятгирандагони он дар баробари писарон духтарон низ дарси шуҷоату ватандӯстӣ меомӯзанд».

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 9, 2021 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд