Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 1, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави таълимӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида буд ва дар кутоҳтарин муҳлат бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.

Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 ошёна мебошад, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳисоби маблағҳои худи муассисаи олии таълимӣ бунёд шудааст. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо ҷиҳати аз бар кардани нозукиҳои фаъолияти касбӣ барои мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудаанд.

Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Барои омӯзонидани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон беш аз 200 нафар омӯзгори ботаҷриба фаъолият мебаранд. Иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, донишҷӯён аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 53 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) таълим мегиранд.

Донишкада соли 1991 таъсис дода шудааст ва ҳамчун маркази муҳими илму ҳунаромӯзӣ ва фарҳангӣ то ба имрӯз барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллии мамлакат зиёда аз 12 ҳазор нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши созгори соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода, изҳори умед намуданд, ки раёсат ва омӯзгорони донишкада дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Лозим ба таъкид аст, ки бо бунёди биноҳои нави таълимӣ боз барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 3 ҳазору 500 донишҷӯ шароити хуб фароҳам гардид.

Ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имкон дорад, ки 7 ҳазору 557 нафар донишҷӯро ба донишомӯзӣ фаро гирад. Сол то сол заминаи моддӣ — техникии донишкада таҳким ёфта, сохтори ташкилӣ — идоракунии он низ мукаммал гаштааст. Айни ҳол донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ, 6 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогӣ, беш аз 800 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 2 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, 150 синфхона, 11 озмоишгоҳи таълимӣ, матбаа, парки технологӣ ва ошхона мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки 2 бинои иловагии нав дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи додани иҷозат барои сохтмони биноҳои таълимӣ дар ҳудуди қитъаи замини донишкада, воқеъ дар хиёбони Борбади ноҳияи Фирдавсӣ» бунёд ёфтааст.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти байналмилаликунонии таҳсилот дар соли таҳсили 2020-2021 се ихтисоси донишкада, сайёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, барномаҳои таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонида шуданд.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии боз як бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд.

Мутобиқи лоиҳа утоқҳои корӣ, толорҳои маҷлисӣ, синфхонаҳои таълимӣ, амбор, маркази табъу нашр, толори тенис, синфхонаи маҳфили шоҳмот, бахши хизматрасонии техникӣ ва хизматрасон дар бинои нав ҷой дода мешавад.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони иншооти нави соҳаи маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ ва ба роҳбарияти донишкада барои дар оянда фароҳам овардани беҳтарин шароити таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Шинонидани гулҳои ҳархела, дарахтони сояафкан ва ороишиву ҳамешасабз, дар масоҳати беш аз 2 ҳазору 100 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 1 ҳазору 600 метри мураббаъ асфалтпӯш гардидани саҳни муассиса аз корҳои дигари ободонӣ маҳсуб меёбанд, ки бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз озмоишгоҳҳои муассиса бо рафти корҳои сохтмони филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон тариқи маҷозӣ шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки филиали бунёдшавандаи донишкадаи мазкур аз 8 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 200 нафар дар як баст пешбинӣ мешавад ва он тибқи нақша то соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро дар самти ба колеҷ ва дар оянда ба донишгоҳ табдил додани Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканд дастгирӣ намуда, баҳри ҳарчӣ бештар ба таълим фаро гирифтани ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳо доданд.

Омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷӯҳи хоса ва рӯзафзунашон ба соҳаи маориф изҳорри сипос намуда, ифтитоҳи 2 бинои нави иловагиро дар назди донишкада туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Танҳо имрӯз дар пойтахти мамлакат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла, бинои нави Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133, Хобгоҳ барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1, Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат” ва дар алоҳидагӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Кӯдакистон ва Литсейи  “Адолат” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳа мебошад.

Ифтитоҳи биноҳои таълимӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави иловагии 8 ошёна 01.09.2021

Сентябрь 1, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд