Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маржа” анҷом дода шудааст. Бино дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман густурда, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин 240 метри мураббаъ роҳраву саҳни бино сафолакпӯш гардида, барои мизоҷон суҳбаткадаҳо сохта шудааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда, дар он барои беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур мушкилоти чандинсолаи бошандагони ноҳияи Нуробод пурра бартараф ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати дар фасли сармо гарм нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, бино бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуданд. Дар навбати худ ворисони Сино изҳор доштанд, ки бо донишу маҳорати касбӣ талош менамоянд дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид






